МАТТО 1

1НАСАБНОМАИ Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим. 2Иброҳим Исҳоқро ба дуньë овард; ва Исҳоқ Яъқубро ба дуньë овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дуньë овард; 3Ва Яҳудо Форас ва Зораҳро аз Томор ба дуньë овард; ва Форас Ҳесрӯнро ба дуньë овард ; ва Ҳесрӯн Ромро ба дуньë овард; 4Ва Ром Аминодобро ба дуньë овард; ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньë овард; ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньë овард; 5Ва Салмӯн Бӯазро аз Роҳоб ба дуньë овард; ва Бӯаз Убидро аз Рут ба дуньë овард; Убид Йисойро ба дуньë овард; 6Ва Йисой подшоҳ Довудро ба дуньë овард; ва подшоҳ Довуд Сулаймонро аз зани Уриë ба дуньë овард; 7Ва Сулаймон Раҳабъомро ба дуньë овард; ва Раҳабъом Абиëро ба дуньë овард; ва Абиë Осоро ба дуньë овард; 8Ва Осо Еҳӯшофотро ба дуньë овард; ва Еҳӯшофот Еҳӯромро ба дуньë овард; ва Еҳӯром Узиëро ба дуньë овард; 9Ва Узиë Ютомро ба дуньë овард; ва Ютом Оҳозро ба дуньë овард; ва Оҳоз Ҳизқиëро ба дуньë овард; 10Ва Ҳизқиë Менашшеро ба дуньë овард; ва Менашше Омӯнро ба дуньë овард; ва Омӯн Йӯшиëро ба дуньë овард; 11Ва Йӯшиë Еконьë ва бародарони ӯро дар замони ҷалои Бобил ба дуньë овард; 12Ва баъд аз ҷалои Бобил Еконьë Шаалтиилро ба дуньë овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дуньë овард; 13Ва Зарубобил Абиҳудро ба дуньë овард; ва Абиҳуд Эльëқимро ба дуньë овард; ва Эльëқим Озурро ба дуньë овард; 14Ва Озур Содӯқро ба дуньë овард; ва Содӯқ Ëкинро ба дуньë овард; ва Ëкин Элиҳудро ба дуньë овард; 15Ва Элиҳуд Элъозорро ба дуньë овард; ва Элъозор Маттонро ба дуньë овард; ва Маттон Яъқубро ба дуньë оваард; 16Ва Яъқуб Юсуф, шавҳари Марьямро ба дуньë овард, ва аз Марьям Исо таваллуд ëфт, ки Масеҳ номида мешавад. 17Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то ҷалои Бобил чордаҳ насл аст; ва аз ҷалои Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст. 18Ва мавлуди Исои Масеҳ чунин буд: вақте ки модари Ӯ Марьям ба ақди Юсуф даромад, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомиладор аст. 19Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди одил буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ ҷавоб дода фиристонам. 20Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст; 21Ва писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод». 22Ва ҳамаи ин воқеъ шуд, то ба амал ояд каломе ки Худованд ба забони набӣ гуфтааст: 23«Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо». 24Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард. 25Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро Исо ном ниҳод.

will be added

X\